26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Тибқи қисми 2-и моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқоти ҷанг манъ аст

148
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Тибқи қисми 2-и моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқоти ҷанг манъ астМутобиқи қисми 2-и моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқоти ҷанг манъ аст. Яъне, мо тарғиб ва ташвиқи ҷангро дар дохил ва хориҷ аз сарҳади давлатӣ қабул надорем, ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилӣ ва берунӣ ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бартарӣ дода (қисми 3-и моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), онҳоро ба таври шоиста иҷро менамоем. Дар асоси моддаи 51-и Оинномаи СММ давлат ҳуқуқи худмудофиаро доро мебошад, дар сурате, ки давлати дигар ба сарҳади он ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳад. Ин матлабро ҳуқуқшинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Некруз САФАРЗОДА баён намуд.

Ба зикри ҳуқуқшинос, ҳуҷуми таҷовузкорона ва ғайриинсонии низомиёни Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-17 сентябр бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Қирғизистон ба таври ошкоро меъёрҳои муқаррарнамудаи конвенсияҳои Женева ва ду протоколи иловагӣ ба онҳоро комилан риоя накарда, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстиро дағалона вайрон кард.

«Зеро дар моддаи 56 Оинномаи СММ пешбинӣ мегардад, ки давлатҳои аъзои созмон вазифадоранд санадҳои дар доираи мақомоти асосии Созмон қабулгардидаро ба таври қатъӣ риоя ва иҷро намоянд, ки онҳо ба таъмин намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудаанд», — гуфт ӯ.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ риоя ва амалӣ мешаванд. Ин аст, ки Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибати дипломатӣ ва робитаҳои дӯстӣ барқарор намудааст. Инчунин зиёда аз 57 ташкилоти байналмилалӣ моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба узвияти худ пазируфтаанд.

Ҷомеаи байналмилалӣ аз ибтикор ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини сулҳи ҷаҳонӣ, амнияти минтақавӣ, решакан намудани терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи инсон ва пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир комилан огоҳ аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво