Дар Душанбе доир ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷамъомад баргузор шуд![]() ![]() Дар ҷамъомад иштирокдорон баён доштанд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои миллат мебошад. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти мамлакат, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмӯъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд. Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар давлат, пеш аз ҳама, кадрҳои ҷӯяндаю навовар ва содиқу бунёдгар заруранд. Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон низ аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке аз масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. ![]() Дар баробари маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ дар ҷамъомад инчунин қадршиносии хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ аз мақомоти давлатӣ, қадрдонӣ бо рутбаҳои тахассусӣ ва мукофотҳои соҳавӣ бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ низ қироат шуда, инчунин маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ барои фаъолият шурӯъ намудаанд, баргузор шуд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |