26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

183
Дар Душанбе беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид8 сентябр муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода бо гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба тарҳрезии марҳилаи панҷуми Барномаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» (БРАМОМ-5) мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук.

Зимни мулоқот зикр шуд, имрӯз навсозии инфрасохтор ва муҷаҳҳазгардонӣ бо воситаҳои техникии назорати гумрукии дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ масъалаи мубрам мебошад.

Таъкид гардид, ки таъсис ва такмили ҷараёни ҳаракати нақлиёт ва содагардонии расмиёти савдо дар маҷмӯъ бидуни иштироки расмиёти гумрукӣ тасаввур кардан душвор аст. Аз ин лиҳоз, ворид намудани Хадамоти гумрук ба марҳилаи панҷуми Барномаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» ҷанбаи муҳими тарҳи умумии Лоиҳа мебошад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Хадамоти гумрук Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Маркази»-ро дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ, ки 17 майи соли 2021 ба имзо расидааст, амалӣ менамояд.

Лоиҳа ба навсозии системаи автоматикунонидашудаи гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ, ҳамчунин муҷаҳҳаз намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ равона гардидааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ишора намуда, ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ва тарҳрезии барномаҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво