14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат аст»- бардошт аз конфронси илмӣ –назариявӣ дар Душанбе

837
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Ин нуктаро муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон», ки субҳи имрӯз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Дар конфронс зикр шуд, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсиву фарҳангии мамлакат, ки дар рукни асосии давлатдорӣ, аз ҷумла, қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гардидааст, бо мақсади ба таври арзандаву шоиста таҷлил намудани ин санаи фархунда бо назардошти талаботи шаҳрдориву шаҳрнишинӣ барномаҳои гуногуни сиёсиву ғоявӣ, оммавию фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор менамояд. Конфронси имрӯза низ бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар доир мегардад.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқон, арбобони давлатию ҷамъиятӣ ва намояндагони сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок намуда, дар мавзӯъҳои мавриди назар маърӯза намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар хитоб ба ҷавонон зикр кард, ки онҳо бояд моҳияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърихи навини Тоҷикистон муфассал омӯзанд, то бидонанд, ки мардуми мо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба осонӣ ба даст наовардааст. Ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасанд ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан мазмуни асосии зиндагиашон гардад. Дар ин пайвастагӣ Худобердӣ Холиқназар аз солҳои басо мушкили Ватан, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва шуҷоату мардонагии фарзанди халқи тоҷик- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он лаҳзаҳои ҳасосу тақдирсоз ёдоварӣ намуда, корнамоиҳои Пешвои миллатро барои ҷавонон намунаи ибрат донист.
Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки баъди ин иҷлосияи таърихӣ, дар давраи солҳои 1993-2000-ум бо сарварии роҳбари ҷавону кордон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи гурезагон- 950 ҳазору 599 нафар дубора ба Ватан баргаштанд ва бо ҷои зист таъмин гардиданд.

Сипас, раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, ки ҳамчун собиқ намояндаи мардумӣ иштирокдори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиии ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар мавзӯи «Пешвои миллат-меъмори сулҳи тоҷикон» хотираҳояшро аз он рӯзҳои сангине, ки ба сари миллати тоҷик омада буданд, ба ҳозирин нақл кард.

Ғайбулло Афзалов аз олимону муҳаққиқон, рӯзноманигорону дигар аҳли зиё даъват ба амал овард, ки таърихи ба даст омадани сулҳи тоҷиконро барои насли навраси Тоҷикистон бо тамоми ҷузъиёташ ба қалам бидиҳанд, то имрӯзиён аз он сабақи пандомӯз бигиранд.

Дар ҳамоиш ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад низ оид ба нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон маърӯза кард.

Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хоссае мебошад, ки дар ин рӯз сипосгузорӣ намудан ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат боиси дастгирист. Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо ҷашнҳои гуногун ва барномаҳои фарҳангию сиёсӣ бо рамзу анъана ва суннатҳои миллӣ хеле зиёд муаррифӣ мегарданд ва мардум онҳоро бо шодию сурур ва ифтихормандиҳо истиқбол мегиранд. Дар баробари самимияту эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Рӯзи Президент, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ин чорабинии сиёсӣ боз иқдоми накӯест, ки барои қадршиносии заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва вориси тоҷикони ҷаҳон муҳимияти хосса дорад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар мавзӯи «Пешвои миллат ва сиёсати забон», муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар мавзӯи «Мусолиҳаи миллӣ ҳамчун омили рушди сиёсати хориҷӣ», муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар мавзӯи «Пешвои миллат- бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон», ноиби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Насрулло Убайдулло дар мавзӯи «Консепсияи нави таърихи халқи тоҷик дар пажӯҳишҳои Пешвои миллат» ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат: дарки ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии мавзӯъ» маърӯза карданд.

Дар хатми кори конфронс байни иштирокдорони ҳамоиш мубоҳисаҳои судманд сурат гирифтанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво