27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом доданд

155
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом додандИмрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн маҷмӯи масъалаҳои мубрами рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид. Пешвои миллат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар самтҳои мазкур иброз доштанд.

Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи Афғонистон, масъалаҳои вобаста ба тақвияти сарҳадоти Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамҷавор ва идомаи расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар хотимаи суҳбат Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сиёсати мутавозин ва мавқеи оқилонаи Сарвари давлати мо ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳои баланд доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво