27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони бинои шуъбаи маориф шурӯъ гардидааст

153
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони бинои шуъбаи маориф шурӯъ гардидаастБахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия шурӯъ гардида, бинокорон ба омода намудани таҳкурсии иншоот машғуланд.

Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар он барои кормандони маориф шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 пурра ба охир расида, корҳои рангуборкунӣ ва ободонии атроф идома доранд. Бино аз 10 синфхона, ду утоқи корӣ, 4 озмоишгоҳ ва китобхона иборат мебошад. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоту лавозимоти хониш, аз ҷумла компютерҳои насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Инчунин дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо дастрасӣ ба масолеҳи сохтмонӣ корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд. Ҳоло сохтмончиён ба омода сохтани ҷойҳои нишаст дар қисмати шарқии варзишгоҳ машғуланд.

Дар Беморхонаи марказӣ таъмиру навсозии шуъбаи таваллуд ва кӯдакона бомаром ҷараён дорад. Дар корҳои сохтмонии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёхсу» сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб намудааст. Барои бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои бинокорӣ анҷом додани корҳо роҳбарияти ҶДММ «Ёхсу» сохтмончиёнро бо масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, се вақт хӯроки гарм, либос ва маоши хуб таъмин кардааст.

Имрӯзҳо дар дигар иншооти ҷашнӣ низ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво