27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и Турсунзода содироти ангурро ба Русия оғоз намуд

227
Хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и Турсунзода содироти ангурро ба Русия оғоз намудХоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и Турсунзода дар мавсими нави ҳосилғундорӣ қарор дошта, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷамъоварии ҳосил содироти ангурро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия оғоз намуд.

Тибқи иттилои раиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов, ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур, аз ҷумла «ҳусайнии сиёҳ ва сафед», «ғалаба», «шоҳона», «пешпазак», «кишмиши сиёҳу сафед» ва «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. Айни замон ангури навъи «шоҳона» пухта расидааст, ки аъзоёни хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили он машғуланд.

«Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво