26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода толори фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

123
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода толори фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтИмрӯз дар деҳаи «Чиртак»-и ҷамоати деҳоти «Навобод» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) ва дастгирии сокинони ватанпарвар — аъзои фаъоли ҳизб толори фарҳангӣ дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён.

Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти фарҳангӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ва як зумра шахсони баруманди диёр иштирок намуданд.

Дар толор бо аҳли ҷамоатчигӣ суҳбати озоду самимии ҳайати меҳмонон сурат гирифта, ифтитоҳи толори мазкур идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон арзёбӣ гардид.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода толори фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт


Аснои боздид аз тарафи муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ин ташаббус шоистаи пайравӣ арзёбӣ гардида, намунаи ибрат дониста шуд. Аъзои ҲХДТ дар ҷамоат ибтикор гирифтаанд, ки минбаъд низ дар марҳилаи бузурги созандагӣ ширкати фаъолона намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош ва мусоидат намоянд.

Боиси зикри хос аст, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳаммият додан аз рисолатҳои усулии ҲХДТ мебошад.

Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

АКС: маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво