27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муборизаи дастҷамъона мебояд

391
Муборизаи дастҷамъона мебояд
Коррупсия зуҳуротест, ки мисли кирм ҷисми ҷомеаро оҳиста – оҳиста хӯрда, абгору валангор мегардонад ва боиси пайдошавии дигар бенизомиҳо, аз қабили экстремизм ва терроризм мегардад. Аз ин рӯ, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Тӯли ин солҳо чанд қонун дар бораи пешгирии коррупсия ва экстремизму терроризм ба тасвиб расида, се маротиба Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2008 – 2012, 2013 – 2020 ва 2021 – 2030 қабул гардидааст.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии «Муқовимат бо коррупсия», Вазорати корҳои дохилӣ, Агенти назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти мамлакат, Агентии гумрук ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзуи «Коррупсия, экстремизм ва терроризм –зуҳуроти номатлуби ҷомеа» машварат доир гардид. Дар он кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, муовинони раисони ҷамоатҳо ва РХМКС, имомхатибон ва кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Муборизаи дастҷамъона мебояд
Муовини раиси шаҳр Фарзона Хоҷазода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба машварат оғоз бахшид. Назди иштирокчиён раиси ташкилоти ҷамъиятии «Муқовимат бо коррупсия» Миралӣ Назаров, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим Хоҷа Мирзода, намояндагони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Далер Ҷӯразода, ВКД Сино Ҳусейнзода, гумрук Собирзода ва прокуратураи шаҳри Ваҳдат Шавкат Саидзода дар бораи падидаҳои номалуби ҷомеа, аз қабили коррупсия, терроризму экстремизм, таъсири ҷараёнҳои беруна баромад карда, ташкилоту вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеаро ба ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи ин падидаҳои номатлуб даъват намуданд. Зеро пешгирии воқеа аз бартараф кардани оқибатҳои он осонтар аст.
Таъкид гардид, ҷое, ки ришвагирӣ вуҷуд дорад, он ҷо ҳатман экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ зуҳур мекунад ва ин боиси нооромӣ ва бенизомиҳои ҷомеа мегардад. Ин амалҳои номатлуб, ба монанди ришва, даҳшат ва қатлу куштор дар Қуръони маҷид низ маҳкум карда шудаанд. Аз ин рӯ, ба хотири аз фисқу фуҷур ва нооромиҳо нигоҳ доштани кишвари биҳиштосоямон бояд дар ҳамкорӣ зидди ин падидаҳо мубориза барем. Барои боз ҳам пурзӯр кардани мубориза иштирокчиёни машварат фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Амруллоҳи ЗАБИР,
«РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво