26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумакҳои хайриявӣ ба марказҳои пиронсолон ва маъюбон

912
Дар арафаи ҷашни 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Фитр аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтар, хонаи пиронсолони шаҳри Қӯрғонтеппа, Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Филиали ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа кумаки моддӣ расонида шуд. Кумакҳо асосан аз маводи хӯрока- орд, шакар, биринҷ, макарон, картошка, пиёз ва равғани растанӣ иборат мебошад.
Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Хуршед Рауфзода иброз дошт: «Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба расонидани кумакҳои хайрия ба хонаҳои пиронсолон, маъюбону ятимон ва шахсони ниёзманд, кормандони Раёсат тасмим гирифтаанд, ки дар муҳлатҳои муайян ба қишрҳои ниёзманд кумакҳои моддӣ расонанд».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво