27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ ТОҶИКИСТОН. Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ муайян шуданд

164
ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ ТОҶИКИСТОН. Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ муайян шуданд9-14 май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар мусобиқа 64 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Дар натиҷа дар сабқатҳои инфиродӣ миёни бонувон варзишгарон Кира Матушкина ҷои аввал, Виктория Милованова ҷои дуюмро ишғол намуданд. Миёни писарон Олег Колнинов мақоми аввал, Ислом Орунбасар аз Қазоқистон мақоми дуюмро ишғол намуданд.

Дар сабқати ҷуфти писарон Ислом Орунбасар ва Артур Хайрутдинов аз Қазоқистон ғолиб шуданд. Онҳо дар финал Артём Алексейчук ва Думше Германро шикаст доданд. Миёни бонувон ҷуфти Милина Субҳонқулова/Варвара Паншина ҷои аввал, ҷуфти Раисса Петровская/Каракат Коилбаева аз Қазоқистон ҷои дуюмро гирифтанд.

Ин мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба теннис буд, ки дар Душанбе баргузор гардид. 18-22 апрел Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон «Dushanbe Cup», 23-28 апрел Мусобиқаи байналмилалии “Dushanbe Open” миёни наврасон, 2-7 май Мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” миёни ҷавонони то 18-сола баргузор шуда буданд.

Ҳамчунин дар оянда баргузории мусобиқаҳои дигари сатҳи байналмилалӣ оид ба теннис ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 8-13 август баргузории Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис, 15-20 август “Dushanbe Open”, 3-8 октябр “Dushanbe Cup” ва 10-15 октябр “Somoni Cup” миёни ҷавонони то 18-сола дар назар аст.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво