26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бонки «Эсхата» дар Марокаш бо ҷоизаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сарфароз гардонида шуд

92
Бонки «Эсхата» дар Марокаш бо ҷоизаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сарфароз гардонида шудОхири соли 2021 Бонки «Эсхата» дар доираи барномаи мусоидат ба тиҷорат бори дигар (маротибаи ҳаштум) аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо ҷоизаи «Фаъолтарин бонк-эмитент дар Тоҷикистон» сарфароз гардид. Имсол маросими ҷоизасупорӣ аз 9 то 12 май дар Марокаш баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки «Эсхата» хабар доданд.

Пас аз ду соли чорабиниҳои фосилавӣ Марокаш ва БАТР барои баргузории ин маросими муҳим якҷоя шуданд. Бизнес — форуми серӯза дорои барномаи пурмазмун буд, ки ба ҷалби иштирокчиёни барҷаста аз саросари ҷаҳон — аз мансабдорони пешбари давлатӣ то роҳбарони молия ва корпоративӣ, соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ равона карда шуда буд.

«Ман хеле хушнудам, то ба шумо расман хабар диҳам, ки Бонки «Эсхата» ҷоизаи БАТР «Фаъолтарин бонк — эмитент дар Тоҷикистон 2021»-ро сазовор шуд. Мо якҷоя давоми ду соли охир бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудем, аммо ба он нигоҳ накарда, тиҷорати байналмилалиро дастгирӣ кардем ва мо беш аз ҳарвақта бо камоли хушнудӣ ба шумо ин ҷоизаро тақдим мекунем. Барои устуворӣ ва меҳнати софдилона ба шумо изҳори сипосмандӣ баён менамоем!” — гуфт сарбонкдори барномаҳои TFP- Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ Олга Компаниетс.

«Бонки «Эсхата» то ба имрӯз ягона бонк – дорандаи ҳашткаратаи ҷоизаи «Фаъолтарин бонк – эмитент дар Тоҷикистон» мебошад. Ин дастоварди бузург барои дастаи Бонки «Эсхата» ва такони ҷиддӣ баҳри пешравии минбаъда мебошад», — иброз намуданд ба Бонки «Эсхата».

Бонки «Эсхата» аз соли 2004 инҷониб дар доираи Барномаи маблағгузории тиҷоратии БАТР мизоҷони худро дар муомилоти тиҷорати байналмилалӣ бо шартҳои имтиёзнок: содирот ва воридоти молҳо, кумак дар интиқоли таҷҳизот аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Осиё дастгирӣ намуда, бо пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ таъмин манамояд.

Лоиҳаи мазкур барои инкишофи маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон имконият фароҳам оварда, ба рушди соҳибкории кишвар тавассути пешниҳоди аккредитив, кафолатҳои бонкӣ ва қарзҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад.

АКС: Бонки «Эсхата»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво