27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Восеъ машваратҳои таълимӣ ҷараён доранд

202
Дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Восеъ машваратҳои таълимӣ ҷараён дорандБо мақсади расонидани ёрии методӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, салоҳиятнокӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ, тақвият бахшидан дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва касбияти омӯзгорон ва рушди корҳои ободонӣ шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ дар муассисаҳои таълимӣ машварат гузаронида истодааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Тавре сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Маҳмадулло Маҳмадиев иттилоъ дод, чунин машварат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 баргузор гардид. Роҳбарияти шуъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби рӯйхатҳо, дастурҳои методии вобаста ба фанҳои гуногун ва намоишгоҳи ҳунарҳои дастии омӯзгорону хонандагон дидан карданд.

Дар муассиса омӯзгорон дар 14 синфхона дарсҳои кушодро бо усули нави таълим ба роҳ монданд. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо аз асбоби аёнӣ, адабиёти соҳавӣ ва техникаи муосири таълимӣ ба таври васеъ истифода бурда шуд. Зимни дарсҳо вобаста ба ихтисос омӯзгорон аз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, бо тарзи дарсгузарии омӯзгорон шинос шуданд. Роҳбарияти шуъбаи маориф низ дар дарсҳо ширкат варзида, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат орост.

Дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Восеъ машваратҳои таълимӣ ҷараён доранд


Дар ин муассиса вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф ба таълими фанҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода мешавад. Роҳандозӣ гардидани чунин тадбирҳост, ки сифати таълиму тарбия беҳтар шуда, иштироки шогирдони ин муассиса дар озмуну олипиадаҳо афзоиш ёфтааст. Дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар саҳни муассиса гузаронида шуда, дар маҳфилҳои касбомӯзӣ қисмати зиёди хонандагони синфҳои болои ба омӯзиши дуредгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд. Маҳсулоти омодакардаи хонандагон гувоҳи он буд, ки маҳфилҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Мудири шуъбаи маориф зимни ҷамъбасти машварат ба омӯзгорон баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва истифодаи васеи аёният ва техникаи муосири таълимӣ маслиҳатҳои муфид дод. Чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво