27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонии жола анҷом ёфтанд

151
Дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонии жола анҷом ёфтандДирӯз Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд минтақаҳои кишвар корҳои безараргардонии жоларо анҷом дод. Хати ҳаракати тӯфони хавфнок бо снарядҳои зиддижолаи намуди Алазан безарар гардонида шуд, хабар доданд дар Кумитаи мазкур.

«Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирии ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар шароити кунунии иқтисодӣ тамоми хадамот тадбирҳои ҳифзи зироати кишоварзиро пурзӯр намудаанд. Безараргардонии жола имкон медиҳад, ки заминҳои кишоварзӣ ҳифз карда шаванд», — гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Ҳамчунин оқибатҳои омадани сел дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш бартараф карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки 21 апрел, соати 06:30 аз баста шудани роҳи мошингарди Ваҳдат – Рашт – Лахш хабар расид. Боронҳои пуршиддати шаби гузашта сабаби омадани сели азим дар ин минтақа шуданд. Бино ба гузориши расида, сел километрҳои 94-96 роҳро аз сангу шағал ва лойқа пур карда, ҳаракати мошинҳоро номумкин намуд.

Барои бартараф намудани пайомади ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ва имдодгарони Кумита ҷалб шуданд. Соати 07:30 дақиқа роҳ пурра аз селовардҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар ду самт таъмин гардид.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво