27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна» татбиқ мешавад

164
Лоиҳаи «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна» татбиқ мешавадДар соҳаи маориф лоиҳаи панҷсолаи «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна»(STEM) барои солҳои 2023-2028 амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба истифодаи васеътари усулҳои муосири таълим барои беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот, аз ҷумла равиши илмӣ-технологӣ, муҳандисию риёзӣ ва беҳтар намудани сифати инфрасохтори мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар системаи маориф ва илм мусоидат мекунад.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур зимни вохӯрии онлайнӣ миёни намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Бонки Осиёи Рушд муаррифӣ гардид.

Дар вохӯрии онлайнӣ Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сардорони раёсатҳои иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ва муносибатҳои байналмилалии вазорат, директори бахши иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Риё Хираока, намояндаи БОР ва роҳбари лоиҳаи татбиқшаванда (STEM) Шин Лонг, намояндагони доимии БОР дар Тоҷикистон ва кормандони лоиҳаи татбиқшаванда Ганҷина Фозилова ва Фирӯза Додомирзоева иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки соли 2020 барои тамоми ҷаҳон соли санҷишҳо гардид ва бемории COVID-19 ба мо бори дигар сабақ омӯхт, то барои аз худ намудани иқтисодиёти рақамӣ, гузаронидани дарсҳои фосилавӣ, истифодаи васеи технологияи инноватсионӣ фаъол бошем. Ин ҳадафҳо бе дастгирии молиявии шарикони рушд хеле душвор аст. Зеро ҳар сол дар Тоҷикистон афзоиши аҳолӣ зиёда аз 2 %-ро ташкил намуда, шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 2 195 619 нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 82 адад ва шумораи донишҷӯён ба 93 270 нафар, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 43 адад ва шумораи донишҷӯён ба 234 524 нафар ва шумораи омӯзгорон дар се зинаи таҳсилот зиёда аз 150 ҳазор нафар расидааст. Дар ин раванд дастрасии ҳар хонанда ба мактаби муҷаҳҳаз бо кабинетҳои фаннӣ, компютер ва интернет бениҳоят муҳим мебошад. Хуб мешуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳа масъалаҳои болозикр ба роҳ монда шаванд, чунки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ба рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ бештар мебошад.

Дар самти Стратегияи ҳамкории Бонки Осиёи Рушд бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 яке аз афзалияти Ҳукумати ҷумҳурӣ- ин эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мебошад, ки он мавриди корбарӣ қарор дорад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво