27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АФЗАЛИЯТ БА МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Коргоҳи дӯзандагии «Сафия» хонандагони шаҳри Турсунзодаро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд

166
АФЗАЛИЯТ БА МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Коргоҳи дӯзандагии «Сафия» хонандагони шаҳри Турсунзодаро бо либоси мактабӣ таъмин менамоядКоргоҳи дӯзандагии «Сафия» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкори инфиродӣ Умеда Абдуллоева соли 2019 ифтитоҳ гардид. Соли 2021 шумораи таҷҳизот дар ин коргоҳ ба 15 адад ва кормандони он ба 20 нафар расонида шуда, ҳамарӯза дар он 100 ҷуфт либоси мактабӣ дӯхта мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сафия» шинос шуда, бо роҳбарону дӯзандагони он суҳбат намуд.

Зимни мулоқот соҳибкор Умеда Абдуллоева гуфт, ки «дар корхона таҷдиди дастгоҳҳои муосир дар ҷараён буда, рӯзҳои наздик шумораи дастгоҳҳои дӯзандагӣ ба 50 адад расонида шуда, барои 50 нафар бонувону занони шаҳр ҷойи кори доимӣ таъсис мегардад. Дар ин замина либоси мактабӣ низ ба маротиб зиёд дӯхта мешавад».

Дар коргоҳи мазкур ҳунармандон ба масъалаи сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир карда, либоси мактабиро ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ истеҳсол ва ба волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешниҳод менамоянд.
АФЗАЛИЯТ БА МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Коргоҳи дӯзандагии «Сафия» хонандагони шаҳри Турсунзодаро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд
Ёдовар мешавем, ки таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси хушсифати дӯхти ватанӣ аз масъалаҳоест, ки нисбат ба он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин хусус қарори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидааст.

Дар шаҳри Турсунзода дар робита ба ин масъала, яъне таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси хушдӯхти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво