26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Белгия Филипп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

180
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Белгия Филипп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари рӯй додани селу обхезиҳои шадид дар манотиқи мухталифи Белгия, ки муҷиби талафоти ҷонӣ шуда, хисороти зиёди моддиро ба бор овардаанд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии моро дар иртибот ба марги фоҷеавии шаҳрвандон бипазиред. Орзуманди шифои комили осебдидагон ва рафъи ҳарчӣ зудтари оқибатҳои харобиовари боришоти шадид ҳастем.»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво