5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд

346
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, дар маркази шаҳри Левакант парафшон карда шуд, ки баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозии он 12 метр буда, дар ободонии атрофи иншоот кормандони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Левакант саҳми муносиб гузоштанд.

Шинонидани зиёда аз 18 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, қариб 270 бех ниҳолҳои сояафкан ва васлу насби воситаҳои дигари ороишӣ, аз ҷумла ба таври муосир чароғонсозии Майдони Парчами давлатӣ ин маконро ҷолибу диданӣ гардонидааст.

Бо бунёди майдони Парчами давлатӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант, боз як макони зебо барои сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво