19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ вакили Анҷумани ҲХДТ интихоб шуданд

241
Конфронси вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони яке аз вакилони худ ба Анҷумани ғайринавбатии 14-уми ҳизб пешниҳод намуд. Дар ин бора раиси дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Ин як шарафи бузург на фақат барои мардуми ВМКБ, балки тамоми кишвар аст, ки раиси ҳизб маҳз аз ин вилоят вакил пешниҳод мешавад. Сарвари давлат ҳамчун вакил аз ин вилоят дар анҷумани ғайринавбатии 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард», — гуфт раиси дастгоҳи ҲХДТ.

Тавре Абдураҳмон Хонов иброз дошт, тайи ду рӯзи гузашта дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар конфронсҳои ҳизбӣ баргузор ва намояндагони ҳизб ба анҷумани ғайринавбатӣ маълум шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2013 низ аз сӯи аъзои ин ҳизб дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вакил пешниҳод шуда, аз сӯи анҷумани ҲХДТ номзад пешбарӣ гардиданд ва дар интихобот пирӯз омаданд.

Ба иттилои масъулини ҲХДТ, ин ҳизб ҳудуди 500 ҳазор аъзо дар саросари кишвар дорад, ки 40%-и онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб, ки 3 сентябр дар Душанбе баргузор ва номзади ҳизб ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд, аз 487 нафар узви ҳизб як вакил ширкат меваарзад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво