17 январ 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

70
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Назарзода Абдуҳанон Худойназар раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
2. Аҳёзода Шамсулло Салим муовини раиси суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.
3. Муҳиддинзода Сайфидин Салоҳ муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
4. Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.
5. Сафарзода Маҳинабону Файзулло раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
6. Усмонзода Шоғуфрон раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин гардида, аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
7. Раҳмонзода Малоҳат Солеҳ муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.
8. Олимзода Улфат Розиқ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Ашурзода Алишер аз вазифаи раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон,
Бекзода Абдураҳим Абдулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
Раҳимзода Абдусалим аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 августи соли 2020
№1586






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво