26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд

315
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID — 19 шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда бобати мақсаднок ва суроғавӣ расондани кумакҳои расида, таъмини табобатхонаҳо бо маводи зарурии тиббӣ, доруворӣ ва хӯрокӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо ин беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳаёти ҳар як бемор аз сатҳи баланди касбӣ ва маҳорату таҷрибаи духтурон сахт вобастагӣ дорад.

Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикргардида дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID — 19 пешгирӣ ва табобати мубталоёни ин бемориро зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои пешомада тадбирҳои саривақтӣ андешанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво