26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Сарвари давлат бо Мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона

926
-Нимаи дуюми рӯзи 16 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ Мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал — Хуриро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои мухталифи Аморот баррасӣ гардид.
“Аз мулоқоти дӯстона ва созанда бо Шумо қаноатмандам ва умедворам, ки мо муколамаи неку хайрхоҳонаи худро дар Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома хоҳем дод” таъкид дошт дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон кумаки беғаразона расондааст, изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо оид ба имконоти васеи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои барои тарафҳо манфиатбахш, мусоидати дӯстона ва башардӯстонаи Аморот баҳри пешрафти иқтисоди кишвари мо, истифодаи захираҳои бузурги табиӣ, илмӣ-техникӣ ва инсонии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои стратегии иқтисодӣ бо ҷалби сармояи ин давлати дӯст изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин имконоти дигари маблағгузорӣ барои амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои гуногуниқтидори барқи обӣ, барномаҳои рушди соҳаҳои саноати ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия, бонкдорӣ, рушди туризм ва маорифу тандурустӣ низ судовар маънидод гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво