3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дилро дар ноҳияи Муъминобод ифтитоҳ намуданд

460
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил” расман оғоз бахшиданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, корхои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.

Зимни боздид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароиту имкониятҳои табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудааст.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароити маркази мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизматрасонии хубу шоиста ба мизоҷон ҳидоят намуданд. Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 28 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба табибони ноҳияи Муъминобод арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои фаъолияти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама аз татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дарак медиҳад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил ҳамзамон як майдончаи варзишӣ бунёд карда шуда, атрофи иншоот ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво