5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд

589
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари амали террористӣ дар иёлоти Ҷаму ва Кашмири Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки мӯҷиби ҳалокати 45 нафар кормандони мақомоти қудратӣ ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандон гардидааст, моро андӯҳгин намуд.

Ин ҳодисаи даҳшатангез боз ҳам зарурати идомаи муборизаи беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбониён бирасонед. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комил ҳоҳонем».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво