27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

181
Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 феврали соли 2023 ба амал омад, боиси андуҳи ин ҷониб гардид.

Аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон ба аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардии моро мерасонам.

Барои ҳамаи осебдидагон аз даргоҳи Худованд шифои оҷил хоҳонам».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво