26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

129
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, сардори Хадамоти гумрук, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво