12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Туркманистон ҳам дар баробари Россия, Чин ва Қазоқистон ба рӯйхати шарикони стратегии Тоҷикистон ворид гардид

695
Туркманистон ҳам дар баробари Россия, Чин ва Қазоқистон ба рӯйхати шарикони стратегии Тоҷикистон ворид шуд. Шартнома оид ба шарикии стратегӣ имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба имзо расид.

Ҳамзамон санадҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкории дарозмуҳлати тиҷоратию иқтисодӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи мутақобилаи иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ ба имзо расиданд.

Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018 -2020, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии «Эргаш Султонов»- и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»- и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркманистон низ имзо шуданд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро зиёда аз 60 санад ташкил медод, акнун бо имзои санадҳои нав, ки бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи он ба беш аз 70 адад расид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво