22 июл 2018, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар бораи бунёди хонаи модару кўдак ва дигар инфрасохтор бо тарҳи замонавӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

23
Ф А Р М О И Ш


аз «2» июли соли 2018 № 66/ф ш. Душанбе


Дар бораи бунёди хонаи модару кӯдак ва дигар инфрасохтор бо тарҳи замонавӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Мутобиқи моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои 4, 5 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст ва ҷиҳати иҷрои банди 18 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018 таҳти №6,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Бо мақсади иҷрои банди 18 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018 таҳти №6 дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ташкил ва бунёд намудани хонаи модару кӯдак ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тарҳи замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.
2. Аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар доираи корҳои ободонӣ бунёди таваққуфгоҳ ва ҳоҷҷатхонаҳоро дар канори роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла роҳҳои сохташаванда, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳо дар асоси лоиҳаҳои намунавии мувофиқашуда тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд.
3. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои лоиҳавии нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ҳангоми таҳия ва тасҳеҳ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ талаботи мазкурро ба инобат гирифта, дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан бунёд намудани хонаи модару кӯдакро бо тарҳи замонавӣ, инчунин бунёди таваққуфгоҳ ва ҳоҷҷатхонаҳоро дар канори роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла роҳҳои сохташаванда, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳо дар асоси талаботи шаҳрсозӣ ҷойгир намоянд.
4. Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.), Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Саъдуллозода С.Ф.) ва мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо иҷрои банди 18 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018 таҳти №6-ро таъмин намоянд.
5. Фармоиши мазкур дар рӯзномаи “Бинокорон”, маҷаллаи “Меъморӣ” ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда шавад.
6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.



Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво