24 феврал 2019, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ифтитоҳи муассисаи томактабӣ барои 300 нафар дар шаҳри Сарбанд

463
Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанди Вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Обшорони шаҳр Муассисаи томактабии хусусии “Малика”-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Қобил ба тазаккур аст, ки Муассисаи томактабии хусусии “Малика” аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Мадина Асадуллоева бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.
Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Собир-Самт «бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар Муассисаи томактабии хусусии “Малика”, ба соҳибкорзани маҳаллӣ ва сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои муосир барои ташаббуси ватандӯстонаашон изҳори сипос намуданд. Бинои наву замонавии боғчаи бачагон дар маҳаллаи Обшорони шаҳри Сарбанд бо маблағи умумии 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бо ифтитоҳи ин муассиса 25 нафар сокини маҳаллӣ имкон пайдо карданд, ки бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду бош муҳайё карда шудааст. Муассисаи томактабии хусусии “Малика” аз хонаи хобу бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Дар инҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони сарзамини худ бошад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво