Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
1273
Дар паҳлӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард. Кушодашавии ин боғчаи замонавӣ барои сокинони деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон имкони бештари ҷалби хурдсолон ба тарбияву таълимро фароҳам овард.
Кӯдакистон дорои шаст ҷой барои хурдсолон буда, бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин Муассиса 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар мураббӣ ба хурдсолон таълим медиҳанд. Инчунин табибони соҳибтаҷриба баҳри хидмати сифатнок ба кӯдакон ҷалб гаштаанд. Дар муассисаи томактабии мазкур 10 утоқ, аз ҷумла толори таълимӣ, варзишиву мусиқӣ, як утоқи тиббӣ, ошхона ва майдонча барои бозии кӯдакон ба фаъолият шуруъ кард. Кӯдакистони мазкур дар заминаи бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 бо гузаронидани таъмиру тармим аз тарафи ҳукумати ноҳияи Ёвон ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳалӣ Баҳриддин Ҷурахонов навсозӣ шудааст. Бинои мазкур дар тӯли се моҳ ба Боғчаи кӯдакона мутобиқ гардида, бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Барои болидаруҳии хурдсолони ин даргоҳ Сарвари давлат ба ин боғча асбобҳои мусиқӣ ва оинаи нилгуни калонҳаҷм туҳфа кард. Мавриди зикр аст, ки дар Боғчаи мазкур кӯдакон аз оилаҳои коргар, серфарзанд ва модарони бемор қабул карда шуда, ба таълим фаро гирифта мешаванд. Кӯдакон дар баробари таълиму тарбия ҳамзамон се вақт бо хӯроки гарму хуштамъ дар ошхонаи ин муассиса, ки ба таври замонавӣ сохта шудааст, таъмин мегарданд. Боғчаи кӯдакона дар доираи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012-2016» бунёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 7 Муассисаи томактабӣ фаъолият карда истодааст, ки фарзандони сокинони ноҳияро ба таълиму тарбия фаро мегиранд. Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дода, ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли наврас ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон ҳанӯз аз синни хурдӣ бояд чунин муассисаҳои замонавии томактабӣ бештар таъсис дода шаванд. Ба ивази ин дастгириҳои Сарвари давлат ва таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи мактабу маориф кормандони Боғчаи «Ситора» ва волидони кӯдакони хуштолеъ изҳори сипосу минатдорӣ намуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |