24 март 2019, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗ! Баҳри истиқболи сазовори ҷашни аҷдодӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе корҳои омодагӣ вусъат меёбанд

14
Чуноне қаблан иттилоъ додем, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Иди байналмилалии Наврӯзро 21 март бо баргузории Корвони шодии (карнавали) идона дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт пешвоз хоҳанд гирифт. Алҳол дар ин майдон корҳои ороишӣ идома дошта, масъулин ба омодасозии ҷойҳои нишасти иштирокдорон машғул мебошанд.

То имрӯз дар як канори «Боғи Устод Рӯдакӣ» навиштаҷоти «НАВРӮЗ» насб гардидааст. Дар канори дигари он ярмаркаи фурӯши маҳсулоти гуногуни хӯрокӣ созмон дода, дар 20 ғурфаи чӯбин, ки бо нақшу нигори миллӣ ва рамзҳои наврӯзӣ ороиш ёфтаанд, туҳфаҳо пешниҳод карда шудаанд. Ин иқдом бо мақсади таъмини фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз ва афзун намудани шодию нишоти онҳо дар рӯзҳои ин ҷашни аҷдодӣ роҳандозӣ гардидааст. Сокинону меҳмонони пойтахт ҳангоми сайру гашт дар ин макон метавонанд аз ин ярмарка хӯрокҳои тезтайёр, ҳар гуна кулчақанду шириниҳо, яхмосу нӯшокиҳои ташнагишикан ва туҳфаҳои рамзӣ дастрас намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Корвони шодии идона ширинкорон ва дорбозон иштирок намуда, бо пешниҳоди намоишҳои ҷолиб ба ин ҷашни миллӣ шукуҳу таровати тоза мебахшанд.

Хотиррасон менамоем, ки 22 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» намоиши театришуда баргузор мегардад. Дар он ҳунармандони маъруф бо пешниҳоди беҳтарин оҳангу таронаҳои наврӯзӣ хотири меҳмонону сокинони пойтахтро шод мегардонанд. Инчунин дар ин ҷашнгоҳи наврӯзӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Алҳол дар ин макон низ ороиши саҳна ва дигар корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни Наврӯз аз 21 то 25 март дар чор ноҳияи пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ташкили сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин 23 март мусобиқаи гӯштини миллӣ ва 24 март мусобиқаи кушод оид ба пойга (аспдавонӣ) дар МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар назар дошта шудааст.

22 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Форуми мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби таъриху фарҳанги қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад. Ба он меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки аз 16 то 20 марти соли 2019 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил карда мешаванд.

Бояд афзуд, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2019 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Озмуни мазкур дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст карда мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»









Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво