29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДУШАНБЕ-ШАҲРИ МУНАВВАР. Наврӯзи байналмилалӣ маркази Тоҷикистонро боз ҳам равшану шукуфонтар мегардонад

757
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ МУНАВВАР. Наврӯзи байналмилалӣ маркази Тоҷикистонро боз ҳам равшану шукуфонтар мегардонад
Чуноне қаблан иттилоъ додем, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз идома доранд. Алҳол дар Майдони «Дӯстӣ» -и пойтахт, дар канори «Боғи Устод Рӯдакӣ» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти гуногуни хӯрокӣ ва туҳфаҳо иборат аз 20 ғурфаҳои чӯбин ташкил гардидаанд. Ин иқдом бо мақсади таъмини фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз ва афзун намудани шодию нишоти онҳо дар ин ҷашни аҷдодӣ роҳандозӣ гардидааст. Сокинону меҳмонони пойтахт ҳангоми сайру гашт дар ин макон метавонанд аз ин ярмарка хӯрокҳои тезтайёр, ҳар гуна кулчақанду шириниҳо, яхмосу нӯшокиҳои ташнагишикан ва туҳфаҳои рамзиро дастрас намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, сокинон ва меҳмонони пойтахт Иди байналмилалии Наврӯзро 21 март бо баргузории Корвони шодии (карнавали) идона дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт пешвоз хоҳанд гирифт. Дар он ширинкорон ва дорбозон иштирок намуда, бо пешниҳоди ҳар гуна намоишҳои ҷолиб ба ин ҷашни бошукӯҳ таровати тоза мебахшанд.

Бо мақсади баргузории Корвони шодии идона алҳол дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт корҳои ороишӣ идома дошта, масъулин ба омодасозии саҳна машғул мебошанд. Ҳамчунин дар атрофи майдон ва роҳҳои ин макон чароғҳои замонавӣ насб гардидаанд, ки шомгоҳон ин мавзеъро боз ҳам мунаввару зеботар мегардонанд.

Хотиррасон менамоем, ки 22 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» намоиши театришуда баргузор мегардад. Дар он ҳунармандони маъруф бо пешниҳоди беҳтарин оҳангу таронаҳои наврӯзӣ хотири меҳмонону сокинони пойтахтро шод мегардонанд. Инчунин дар ин ҷашнгоҳи наврӯзӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Алҳол дар ин макон низ ороиши саҳна ва дигар корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни Наврӯз аз 21 то 25 март дар чор ноҳияи пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ташкили сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин 23 март мусобиқаи гӯштини миллӣ ва 24 март мусобиқаи кушод оид ба пойга (аспдавонӣ) дар МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар назар дошта шудааст.

23 март дар пойтахти мамлакат Фестивали байналмилалии наврӯзӣ таҳти унвони «Мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мешавад. Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мегардад. Ба Фестивали мазкур меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз 16 то 20 марти соли 2019 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил карда мешаванд.

Бояд афзуд, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2019 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Озмуни мазкур дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво