26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Омўзиши Паёми Пешвои миллат дар Кумитаи меморӣ ва сохтмон

596
Омӯзиши Паёми Пешвои миллат дар Кумитаи меморӣ ва сохтмон
Дирӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши Самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки се рӯйдоди муҳим- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»- иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 — 2021 махсус зикр гардидааст. Ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни
Омӯзиши Паёми Пешвои миллат дар Кумитаи меморӣ ва сохтмон
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бинокорони тоҷик ифтихор ва боиси рӯҳбаландии бузург дар ободии ватан мебошад.
Таваҷҷӯҳи бештар ба бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои соли 2019 ва дигарҳо иборат мебошад.
Кормандони Кумита ягдилии худро дар саҳми шоиста гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои дар Паём зикргардида нишон дода, омодагии худро барои ободию пешрафти ин ватан изҳор намуданд.
Д.Нурзода,
«РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво