19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шўъбаҳо ва воҳидњои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019

589
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
11 январи соли 2019 дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Раҳмоналӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара як масъала- «дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пеш аз оғози баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис оид ба таъмини иҷрои қарору супоришҳои ҳайати мушовара, ки рӯзи 11 октябри соли 2018 қабул шудаанд, сардори Раёсати корҳо Наврӯзов Л.А. ахборот дод. Сипас, сардори Раёсати шаҳрсозӣ Искандаров Файзулло, сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Табарзода Р.Ҳ. сардори Хадамоти иҷозатномадиҳӣ Файзуллозода Н.Қ., сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Саъдуллозода С.Ф., ва дигарон ҳисобот доданд. Баъд аз шунидани ҳисоботҳо Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол барои ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва гузоштани вазифаҳо барои соли ҷорӣ суханронӣ намуд. Ў аз ҷумла гуфт:-Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
«Соли сипаригашта барои мардуми кишвари мо аз ҷумлаи соли бисёр муҳиму хотирмон буд. Расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.
Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ҳамчун ҳуҷҷати ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Аз ҷумла, таваҷҷӯҳи бештар ба бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои соли 2019 ва дигарҳо иборат мебошад.
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
Бо мақсади зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат дар мамлакат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид”.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. қайд намуд, ки доир ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
-“Итминони комил дорам, ки кормандони Кумита ва сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои дар Паём баёншударо сармашқи кори худ намуда, барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла истифодаи технологияҳои ҳозиразамон барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, таҳияи лоиҳаҳои ба талабот ҷавобгӯй, лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ, сохтмони иншооту биноҳои нав бо риояи талаботи санъати баланди меъморӣ ва бунёди иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд”,- гуфт ӯ.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. таъкид намуд, ки Кумита дар соли 2018 барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Барои таъмин намудани иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар талаботҳои қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ, инчунин ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат, баҳри дар сатҳи баланди касбӣ ба иҷро расонидани вазифаҳои хизматии худ кормандони масъули дастгоҳи Кумита ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он, сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои сохтмонию истеҳсоли масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият дар ин муддат кӯшиши бештар ба харҷ доданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 57 шаҳру маркази ноҳияҳо пурра ба анҷом расида бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Роғун, Гулистон ва ноҳияи Шаҳритуз мавриди мувофиқа қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Фархор идома доранд.
Аз ин рӯ Раиси Кумита муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва сармеъморони шаҳру ноҳияҳое, ки тасҳеҳи нақшаи генералиашон пурра ба анҷом расидааст, вазифадор намуд, ки барои то охири семоҳаи якуми соли 2018 ҷиҳати бо вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расонидан ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Айни замон, 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази 57 шаҳру ноҳияҳо бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ таъмин буда, ҳоло лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии маркази 7 шаҳру ноҳияҳо мавриди тасҳеҳ қарор доранд.
Санҷиши ҳолати воқеӣ нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин бинобар мавҷуд набудани нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои иморатсозӣ ҷойгиронӣ ва сохтмони бинову иншооти таъиноти гуногундошта хилофи талаботи меъёрҳо бо сифати паст амалӣ гардида истодаанд.
Бинобар он ба Раёсати шаҳрсозӣ ва Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ супориш дода шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани назорати татбиқи Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кумита ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №335 «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида истода, бо мақсади иҷрои қарори мазкур корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 ошёнаро омода ва пешниҳод намуданд. Лоиҳаҳои омодашуда барои корбарӣ дар сомонаи Кумита ҷой дода шуд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд баъд аз интихоби лоиҳаи ангоравӣ ба ташкилоти лоиҳакаш барои дастрас намудани лоиҳаи корӣ муроҷиат намоянд.
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
Бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсия медиҳад.
Дар соли 2018 32 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмуъ 272 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбати ҳар як лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардид. Аз 272 лоиҳаи баррасигардида, 177 лоиҳа бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва ба инобатгирии он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.
Дар баробари ин ба 95 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурияти пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд, ки аз ин шумора танҳо 47 адад лоиҳа пас аз такмили иловагӣ ба Комиссия пешниҳод гардиду халос.
Аз ин лиҳоз, ба Раёсати экспертизаи давлатӣ супориш дода шуд, ки танҳо лоиҳаҳои бинову иншооти маъмурӣ ва ҷамъиятиро, ки бо тавсияи комиссия ба Раёсати экспертизаи давлатӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҳамзамон, тазаккур дода шуд, ки қисми зиёди лоиҳаҳо ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ баъди пурра таҳия ва бо сохторҳои дахлдор мувофиқа шудан манзур карда мешавад, ки дар ин маврид тавсияҳои аъзоёни комиссия барои ислоҳи камбудиҳо аз нав таҳия намудани лоиҳа нофаҳмиҳоро ба миён меоварад. Бинобар ин бори дигар ба лоиҳакашон ва сармеъморони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки ба Комиссияи мазкур лоиҳаҳо дар сатҳи ангоравӣ будан, бе мувофиқа бо сохторҳои дахлдор барои баррасии пешакӣ пешниҳод намоянд.
Лоиҳаи ангоравии бинои Маҷмӯаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа карда шуда, таҳияи лоиҳаи кории қисми нақшаи генералӣ, меъморӣ ва конструктивӣ идома дорад.
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
Бинобар ин, муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), директори ҶСК “Шаҳрофар” (Ишанов М.Б.), директори ҶСК “Саноатсоз” (Мализода Б.Ҳ.) ва сармеъмори ҶСК “Саноатсоз” вазифадор карда шуданд, ки барои тезонидани таҳияи лоиҳаи бинои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони Маркази намоишгоҳи байналмилалии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе” ва аҳамияти он дар рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷониби КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” лоиҳаи ангоравии “Маркази намоишгоҳи байналмилалии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе” омода гардида, пас аз мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти сармоя ирсол карда шуд.
Кумита ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати бунёди маҷмааи рамзи “Истиқлолият ва озодӣ” 21 апрели соли 2018 баён доштанд ва Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2018 №50-ф дар бораи озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои зарурӣ андешида, маълум менамояд, ки санаи 5 декабри соли 2018 дар таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи озмун баргузор гардид. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ пас аз баррасӣ ва омӯзиши 32 лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшуда 6 адад лоиҳаҳои беҳтарин интихоб карда шуда, маводҳои дахлдор барои мувофиқа ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуданд.
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП-992 тасдиқ гардидааст, бо Фармоиши Раиси Кумита аз 6 феврали соли 2018, №12/ф Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба омодагӣ ва таҷлили «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тасдиқ карда шуда, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита ҷиҳати иҷрои он вазифадор карда шуданд.
Кумита дар асоси Нақшаи чорабиниҳои зикршуда бо мақсади танзими рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сифати масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 октябри соли 2018 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ”-ро баргузор намуд.
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, лоиҳаҳои иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуданд.
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва банди 9 протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №2к/39-24 аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои ангоравии маркази саломатии 1-ошёна, 2-ошёна ва 3-ошёна, кӯдакистон барои 25, 60, 70, 100, 128, 135 ва 220 ҷой, коргоҳи ҳунарҳои мардумии 1-ошёна ва 3-ошёна, маркази таълимӣ – истеҳсолии занонаи 1-ошёна, коргоҳи дӯзандагӣ барои 5, 50 ва 100 нафар 1-ошёна, 2-ошёна ва 3-ошёна, таваллудхона барои 4, 12 ва 27 кат, ҳаммом бо сартарошхона ва кошонаи ҳусни 1-ошёна ва 2-ошёна, мактаб барои 150 ва 320 ҷойи хонанда, бинои иловагии таълимӣ дорои 4, 6 ва 8 синфхона, коргоҳи қаннодӣ ва чойхонаи 1-ошёна, китобхонаи 1 ва 2-ошёна, маркази хизматрасонии (сартарошхона, кошонаи ҳусн ва таъмири пойафзол) 2-ошёна, нонвойхонаи 1-ошёна таҳия гардида, айни замон дар сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj барои корбарӣ пешниҳод карда шудааст. Инчунин, лоиҳаи кории иншоотҳои зикршуда аз ташхиси давлатии лоиҳаҳо гузаронида шуда, ба муроҷиаткунандагон ройгон пешниҳод шуда истодааст.
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
Ҷойгиронии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” ва корхонаҳои фаръиро зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони касбӣ дар амалӣ намудани масъалаи зикршуда дар ҳамкорӣ бо сармеъморони шаҳру ноҳияҳо иншооти лоиҳавиро дар маҳал ҷойгир намоянд.
Аз ин рӯ, муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), директори Муассисаи давлатии “Равзанаи ягона” (Сафарзода А.), директори КВД “Лоиҳакаш” (Шарифзода Д.Ш.) ва роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои саривақт пешниҳод намудани нусхаи лоиҳаҳои омодашуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Инчунин сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.), сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” вазифадор карда шуданд, ки раванди корҳои сохтмону ободониро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор дода, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда охири ҳар моҳ ба Кумита маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Раиси Кумита тазаккур дод, ки тавре аз ҳисоботҳои пешниҳодшуда маълум гардид, кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ин давра, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта бештар фаъолият намудаанд. Вале ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо ислоҳи худро ёбанд ва дар қарори ҳайати мушовара иҷрои вазифаҳое, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дарҷ карда шудаанд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. аз номи ҳозирин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонид, ки мо - кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмониву лоиҳакашӣ, суръат бахшидан ба равиши фаъолияти бинокорӣ ва ободу зеботар кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ карда, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.
Ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019
Сипас, сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Раҳмоналӣ баромад намуда, чанд эроду таклифҳои худро вобаста ба фаъолияти сармеъморон ва лоиҳакашон пешниҳод намуд.
Дар анҷоми ҷаласа, ки аз фаъолияти Кумита дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуд, кормандонеро, ки бо фаъолияти пурмаҳсулу самаранок дар густариш ва рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ саҳми босазо гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Д.Нурзода,
«РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво