13 ноябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ФАРМОИШ Дар бораи аз эътибор соқит донистани фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30
ФАРМОИШ

Дар бораи аз эътибор соқит донистани фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 январи соли 2014, №2/ф «Дар бораи истифодаи зарибҳо ба меъёрҳои хароҷотҳои борхат ва фоиданокии харҷномавӣ дар сохтмон ҳангоми муайянкунии арзиши харҷномавии корҳои сохтмонию васлкунӣ дар сатҳи ҷории нархҳо»

Мутобиқи моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 6 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст, бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст ва Протоколи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон
аз 9 октябри соли 2018, №3,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Бо мақсади мутобиқ намудани меъёри хароҷоти борхат ва фоиданокии харҷномавӣ ба сохтори ташаккулёфтаи хароҷоти мустақими корҳои сохтмонию васлгарӣ ва риояи муносибати ягонаи методологӣ оид ба истифодаи меъёрҳои амалкунандаи хароҷоти борхат ва фоиданокии харҷномавӣ дар сохтмон, фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 январи соли 2014, №2/ф «Дар бораи истифодаи зарибҳо ба меъёрҳои хароҷотҳои борхат ва фоиданокии харҷномавӣ дар сохтмон ҳангоми муайянкунии арзиши харҷномавии корҳои сохтмонию васлкунӣ дар сатҳи ҷории нархҳо» аз эътибор соқит дониста шавад.
2. Ҳангоми ҳисоби хароҷоти борхат ва фоиданокии харҷномавӣ амали ҳамаи эзоҳҳо ба замимаи 3 қисми I ва замимаҳои 2, 3 қисми II
ҲРС ҶТ 81-217-2011 «Дастури методӣ оид ба муайян намудани андозаи хароҷотҳои борхатӣ ва фоиданокии харҷномавӣ дар сохтмон» нигоҳ дошта мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои харҷномавие, ки то мавриди амал қарор гирифтани фармоиши мазкур тибқи тартиби муқарраргардида аз ташхиси Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва расмиёти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ гузаштаанд, аз нав ҳисоб карда намешаванд.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво