24 март 2019, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи сайёҳии байналмилалии «IFTM TOP RESA»-и Фаронса муаррифӣ мегарданд

67
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ҶДММ «Роҳат тур», ҶДММ «Ориент Адвентур» ва ҶДММ «Олами саёҳат» аз 25 то 28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар Намоишгоҳи сайёҳии байналмилалии «IFTM TOP RESA» иштирок менамоянд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар маросими ифтитоҳи ин намошгоҳи бузурги сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон зери шиори «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ» ба маърази дӯстдорони сайру саёҳат гузошта шуд.

«Пас аз таъсис ёфтани Кумитаи рушди сайёҳӣ маротибаи дуюм аст, ки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «IFTM TOP RESA»-и Фаронса иштирок менамоянд. Натиҷаҳои онҳо дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи сайёҳии Тоҷикистон ва Фаронса, инчунин иштироккунандаи давлатҳои узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мусбӣ арзёбӣ мегарданд»,- зикр намуд манбаъ.

Дар Намоишгоҳи мазкур соли гузашта намояндагони зиёда аз 7000 ширкатҳои сайёҳӣ аз 150 кишвар, инчунин 1300 хабарнигорон аз Аврупо, Осиё ва Амрико ширкат варзиданд. Имсол ин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ 40-солагии худро ҷашн мегирад, ки дар он беш аз 10 ҳазор ширкатҳои сайёҳӣ аз 200 давлати дунё ширкат варзида, имкониятҳои сайёҳии худро ба маъраз мегузоранд.

Иштирок ва муаррифи захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва намоишгоҳҳо барои зиёд гаштани шумораи сайёҳон аз кишварҳои олам ва устувор гардидани симои сайёҳии мамлакат ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар заминаи талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои сайёҳони нав ба кишвар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ бо ҳамдигар ҳамкории судманд намуда, тавассути мақоми ваколатдор тарғиботи мамлакатро дар бозори ҷаҳонии соҳавӣ муаррифӣ намуда истодаанд. Дар ин замина, бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ кашф гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат меафзояд.









Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво