Ид муборак!

Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ тибқи нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 корҳои муайянро ба анҷом расонид. Мутахассисони Хадамот дар 64 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъморию шаҳрсозиро ба роҳ монда, сохтмони 624 иншоотро ба назорат фаро гирифтанд.

Дар ин давра дар 624 иншоот оид ба сифати корҳои сохтмонию меъморӣ 786 санҷиш гузаронида, ба масъулини сохтмонҳо 667 амрнома дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 80 иншоот, 242 санҷиш ва 150 амрнома зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи сипаришуда дар рафти санҷишҳои назоратӣ 1456 камбудӣ ошкор карда, барои ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва ба масъулин ҷалб намудани шахсони гунаҳгор чораҳои мушахас андешида шудааст.

Ин гувоҳии он аст, ки нозирони Хадамот корҳои меъморию шаҳрсозиро боз ҳам пурзуртар карда, дар иҷрои вазифаи базимадоштаашон масъулияти ҷиддӣ эҳсос менамоянд.

Ба 297 шахсони воқеъӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба маблағи 330000 сомонӣ ҷарима таъин карда, аз он 269850 сомонӣ ба буҷа ворид гардидааст. Иҷрои 31 қарор оид ба таъини ҷарима ба маблағи 54150 сомонӣ мӯҳлат дошта, 2 қарор ба маблағи 6000 сомонӣ барои руёнидани ҷарима ба мақомотҳои судӣ ирсол карда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2014 мутаносибан нисбати 189 шахсони воқеъӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба маблағи 326880 сомонӣ қарор оид ба таъини ҷарима қабул карда шуда, аз он 301280 сомонӣ ба буҷа ворид карда шуда буд.

Нозирони Хадамот ҳар моҳ дар иншоотҳои аҳамияти махсусдошта, аз ҷумла, НБО-и «Роғун» ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ низ назорати доимии сифати корҳои сохтмониро ба роҳ монда, аз натиҷаи он ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳо пешниҳод карда шудааст.

Дар баробари назорати сифати корҳои меъморӣ ва сохтмонӣ аз тарафи мутахассисони Хадамот, дар иншоотҳое, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ оид ба ченкунии ҳаҷми корҳои сохтмону васлгарӣ санҷиш гузаронида, 2409015 сомонӣ изофанависии маблағҳо ошкор карда шуданд. Дар нимсолаи аввали соли 2014 ин рақам 2567141 сомониро ташкил медод.

Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2015 бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иншооти сохтмонӣ як қатор санҷишҳо гузаронида, вобаста ба натиҷашон чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Назорати давлатии шаҳрсозӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон дод, ки дар иншооти бе лоиҳаи аз экспертизаи давлатӣ гузаронидашуда, бе иҷозати сармеъмор, бе лоиҳаи корӣ ва бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо корҳои сохтмону васлгарӣ оғоз карда шудааст.

Ин камбудии ислоҳшаванда буда, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти фармоишгарон, лоиҳакашон ва пудратчиён дар доираи муқаррароти қонун чораҳо андешида шудааст.

Дар арафаи иди сохтмончиён мехостам тамоми сохтмончиёни ҷумҳуриро бо иди касбиашон самимона шодбош гуфта, барояшон сиҳатмандию хонаи обод ва дар фаъолияти созандагиашон баҳри шукуфони Ватани азизамон барору комёбиҳо таманно намоям.

Ид муборак, ҳамкасбони азиз!

Р. Таваров,
Сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ
ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво