20 октябр 2018, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ барои 100 нафар зан

571
Дар шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов бо иштироки Раиси вилояти Сугд Абдураҳмон Қодирӣ ва сардори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ Лолахон Раҳмонзода коргоҳи дӯзандагии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ифтитоҳи корхонаи нави дӯзандагӣ имкон фароҳам овард, то ки беш аз 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд.
Тавре ки аз хадамоти иттилоотии раиси вилоят хабар доданд, зимни ифтитоҳ зикр гардид, коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби Агентии мазкур бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, асосан барои омода кардани либоси низомӣ равона шудааст. Дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 60 адад мошинаи чокдӯзӣ насб гардида, занони маҳаллӣ ба дӯхтани либоси низомӣ машғул ҳастанд. Ашёи хоми коргоҳ аз корхонаҳои нассоҷии вилоят гирифта шуда, сад дар сад пахтагин мебошад ва бо сифати баланд, мутобиқ ба стандартҳои байналхалқӣ омода мешавад. Корхона имкон дорад бо тамоми воҳиду сохторҳои низомии ҳудуди вилоят шартнома ба имзо расонида, барои афсарону аскарон либосҳои махсуси соҳавӣ омода созад.
Ҳоло дар шаҳраки Палос зиёда аз 4 ҳазор шаҳрванд икомат дошта, ифтитоҳи корхонаи мазкур боиси ҷалб бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштани занону духтарони шаҳрак гардид.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво