14 ноябр 2018, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар ноҳияи Рӯшон Комендатураи сарҳадӣ ифтитоҳ гардид

49
Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бинои Комендатураи сарҳадӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайрулло, Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.

Иншооти нави Комендатураи сарҳадии «Рӯшон» бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст. Дар ин ҷо барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити муосири хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.

Иншооти навбунёд дорои хобгоҳи сарбозон буда, мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст. Дар он вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва рӯҳану ҷисман омода намудани онҳо ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар бинои асосии Комендатураи сарҳадии «Рӯшон» ҳамчунинн утоқҳои корӣ барои афсарон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд гардидаанд. Комендатураи мазкур барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо техникаву технологияи пешрафта таъмин шудааст.

Ҳамчунин дар ин Комендатура ошхонаи кушоду барҳаво, майдони сафороӣ, ду майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, утоқи махсус барои покиза кардани либос, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ, либос ва мошинсарой мавҷуданд. Барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо низ 8 бинои истиқоматии дорои хонаҳои дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зарурӣ дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов зимни мулоқот бо афсарону сарбозон ҳифзи марзи давлатиро аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва масъулиятноки марзбонон унвон карда, чунин гуфт: «Авзои ноамни кишвари ҳаммарзи Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳифозати марзи давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва оромии кишвар талошу кӯшиши шабонарӯзӣ ба харҷ диҳем».







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво