Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод”
703
19 апрел дар ноҳияи Ашт ду дидбонгоҳи сарҳадӣ — “Пунук” ва “Меҳробод” мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар маросими ба истифода додани ин дидбонгоҳҳо Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок доштанд. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” зикр кард, ки таъмини сулҳу субот ва якпорчагии ҳар як давлат аз мустаҳкам будани сарҳади давлатӣ вобастагии калон дорад, ки ҳифзи боэътимоди он бе фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои сарҳадбонон аз имкон берун аст. Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла, хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод. Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” утоқҳои корӣ барои афсарон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо, пеш аз ҳама, барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд. Фармоишгари иншооти мазкур ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” буда, корҳои сохтмониро бинокорони ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ бо маблағи 18 миллион сомонӣ ба анҷом расонидаанд. Дар ин рӯз ҳамчунин дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” ба истифода дода шуд. Дидбонгоҳи мазкур бо маблағи панҷ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуд, бунёд гардида, корҳои сохтмонии онро ҶДММ “Ашти калон”-и ноҳияи Ашт ба анҷом расонид.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |