14 ноябр 2018, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар ноҳияи Рашт роҳи мошингарди Ғарм-Навобод ба масофаи зиёда аз 8 километр мумфарш гардид

55
Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт бинои маъмурии кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз ду ошёна иборат буда, ба маблағи як млн сомонӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сокинони ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободкорию созандагӣ машғул буда, дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ дар назди ду муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва созмонҳои хориҷӣ бо маблағи як миллиону 800 ҳазор сомонӣ 16 синфхонаи иловагӣ сохта, ба хонандагони ин муассисаҳо туҳфа намуданд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои мазкур бо ҳашари умумии сокинон анҷом ёфтанд.

Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшои Лоиқ иброз намуд, ки «мо бояд аз дастовардҳои даврони истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ кӯшишу ғайрат намоем. Вазифаҳои бар дӯшдошта ва масъулияти ватандории худро дар назди давлату миллат софдилона иҷро намоем. Зеро истиқлолият барои мо бахту саодат, сари баланд ва зиндагии орому осуда ато намуд».

Зикр гардид, ки чанде пеш дар ноҳияи Рашт бо ҷалби шахсони саховатпеша роҳи мошингарди Ғарм-Навобод ба масофаи зиёда аз 8 километр мумфарш карда шуд. Ҳамзамон мумфарш намудани роҳи байни шаҳраки Навобод ва Поҷеи ноҳия ба масофаи 8 километр идома дорад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво