26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суботу оромӣ аз матонату ҷасорати кормандони милитсия аст

1105
10.11.2015. дар ноҳияи Нуробод бахшида ба рӯзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияро табрик карда, гуфт: «Воқеан ҳам мақомоти милитсия тибқи таъйиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонад ва ҳамин хизматҳои шабонарӯзӣ, матонат ва ҳисси ватандӯстии кормандони милитсия мебошад, ки дар ноҳия оромӣ ҳукмфармост».
Сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Нуробод Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон доир ба фаъолияти кормандони ин ниҳод ҳарф зада, онҳоро бо иди касбиашон табрик намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба кормандони фаъоли шуъбаи корҳои дохилӣ, собиқадорони милитсия ва оилаҳои нафароне, ки барои барқарор намудани сулҳу оромии ҷумҳурӣ ҳалок гардидаанд, сипосномаю ифтихорнома ва кумакҳои пулӣ тақдим намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво