Дар натиҷаи омадани сел 20 июли соли 2015 дар деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедаки ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт як нафари маъюб ҳалок гардиду 50 хонаи истиқоматӣ зарари ҷиддӣ дида, зиёда аз 25 гектар замин зери сел монд. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 45 рӯз барои зарардидагони офати табиӣ аз тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинон ва кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рашт хонаҳои истиқоматии дорои тамоми шароити зист сохта шуданд.
18 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода калиди 44 хонаи нав ба соҳибонашон супорида шуд.
Имрӯз ба хотири огоҳ гардидан аз вазъи зиндагии зарардидагони офати табиӣ хабарнигори мо меҳмони сокинони ин деҳаи навбунёд гардид. Дар мавриди вазъи имрӯзаи зиндагии зарардидагони офати табиӣ Ҳақназар Мирзоев, сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Навдӣ чунин мегӯяд:
«Масъулини ҳукумати ноҳия дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ҷамоати мазкур ҳамеша аз вазъи зиндагии оилаҳои зарардида огоҳанд ва сари вақт мушкилоташонро ҳал менамоянд. Имрӯз хонандагони хоҷагиҳои зарардида ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вале масофаи роҳ барояшон дурӣ мекунад ва дар фасли зимистон ба хонандагон мушкил мешавад. Аз ҳамин хотир аз ҳисоби заминҳои кишоварзии наздики деҳаи зарардидагон барои сохтмони мактаб 1 гектару 28 сотих замин ҷудо шудааст ва дар моҳҳои наздик сохтмони мактаб оғоз мегардад. Ҳамчунин сохтмони хатти оби нӯшокӣ барои зарардидагони ин деҳа оғоз гардид, ки тибқи нақша он дар кӯтоҳтарин муддат ба истифода дода мешавад». - Ман дар умри худ бори аввал аст, ки дар ин гуна хонаҳои замонавӣ зиндагӣ дорам,- мегӯяд бобои Ҳоҷӣ Маҳмадсафо. Ӯ зикр кард, ки агар ба худамон мешуд, мо ин гуна хонаҳоро сохта наметавонистем. Ин супориш ва ғамхории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои мо чунин хонаҳои замонавиро сохтанд. Инчунин бо супориши ин марди бузург хонаҳои зарардидагонро бо таҷҳизоти рӯзгор таъмин намуда, барои зимистонгузаронӣ ба ҳар як оилаи зарардида 10 халта орд, 10 халта гандум, 2 халта шакар, равған, картошкаю пиёзу сабзӣ, гӯшт, маводи сӯзишворӣ, як тонна ангишт доданд.
Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшои Холиқ иловатан ба ҳамаи зарардидаҳо боз 500 килоӣ ангишт ваъда кард, ки рӯзҳои наздик ба онҳо дода мешавад. Ман ба Сарвари давлат барои ғамхориҳояш ҳазор раҳмат мегӯям, ҳамеша сиёсати пешгирифтаашро тарафдорӣ мекунам ва ҷавононро насиҳат карда мегӯям, ки бо пайравӣ аз ин иқдом ватани хешро дӯст доранд.
Ҷангӣ Абдувалиев, муйсафеде аз оилаҳои зарардида гуфт, ки дар муддати 45 рӯз хонаҳои 5 ҳуҷрагӣ ба соҳибонашон супорида шуданд ва ҳамеша Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳоли мо бохабар аст. Ин нишонаи сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ мебошад ва мо ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ҷонибдорӣ мекунем. Ба ҷавонон гуфтанием, ки худшиносу худогоҳ ва фарзанди фарзонаи ин марзу бум бошанд.