26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Семинар-машварат «Татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ»

720
Семинар-машварат «Татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ»
28 марти соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарики боэътимоди Кумита дар амалӣнамудани лоиҳаи «Татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ» мебошад ва ба беҳтар намудани системаи давлатии идоракунӣ дар соҳаи сохтмон саҳмгузор аст, дар ноҳияи Рашт семинар баргузор гардид.
Семинарро Директори Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ" Сафарзода Абубакр ифтитоҳ намуда, ба ҳама иштирокчиён барои таваҷҷуҳашон дар раванди фаъол гардонидани Равзанаи ягона ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилот дар ин самт миннатдорӣ изҳор намуд. А.Сафарзода гуфт, ки равзанаи ягона дар мо ба тозагӣ кори худро оғоз менамояд, хуб мебуд агар он дар асоси консепсияҳо ё моделҳои муайян ва мутақобилаи ҳамаи иштирокчиёни ин раванд татбиқ карда шавад. Аз ин рӯ, мо бояд раванди татбиқи Равзанаи ягонаро бо дарназардошти шароити мавҷуда ва дурнамо дар муддати муайян таҳия намоем ва дар ин маврид зарур аст, ки саъю кӯшиши худро барои татбиқи минбаъдаи Равзанаи ягона бо инобат гирифтани манфиати бахши хусусӣ зарур шуморем.
Маҳз бо ҳамин мақсад мо имрӯз ба ин ҷо иштирокчиёни фаъоли соҳаро дар минтақаи Рашт даъват намудем ва боварӣ дорем, ки дар асоси муҳокимаи якҷояи проблемаҳои мавҷуда асосҳои механизми баҳамтаъсиррасонӣ ва ҳамоҳангӣ пайдо менамоем, ки дар онҳо вазифа ва масъулияти ҳар як иштирокчии ин раванд аниқ муайян карда мешаванд.
Ў зикр намуд, ки Кумита бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва тақвияти соддаю шаффофгардонии низоми бақайдгирию хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, дар арзёбии нақшавии амалисозии “Барномаи баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии бахши хусусӣ”, “Барномаи беҳтарсозии фазои соҳибкорӣ ва муҳити инвеститсионӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ”, “Барномаи идораи корпоративӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ”, “Барномаи беҳтарсозии инфрасохтор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ва дигар барномаҳо дар ин самт иштироки фаъол намуда истодааст.
Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №327 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Семинар-машварат «Татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ»
Яке аз вазифаҳои асосии Муассиса ин пешбурди равзанаи ягона ва кадастри шаҳрсозӣ аз рӯи системаи ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, навсозии захираҳои иттилоотӣ, додани маълумот ба истифодабарандагон ва ворид намудани таснифот, феҳристи рамзҳо, маълумотномаҳо, суроғаҳо ва реквизитҳои дигари низоми иттилотии дарбаргирандаи маълумот дар бораи масъалаҳои шаҳрсозӣ, меъёрӣ, лоиҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ба кадастри шаҳрсозӣ мебошад.
Тибқи Оинномаи тасдиқгардидаи худ Муассиса барои фаъол намудани раванди амалигардонии ислоҳот, таъмини иҷро ва татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соддагардонии низоми иҷозатдиҳӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ равона карда шудаанд, масъул мебошад,- гуфт А.Сафарзода.
Яке аз самтҳои фаъолияти Муассиса ба рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, он раванди дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозиро таҳти назорат ва таҳлил қарор медиҳад ва татбиқи принсипи дар сурати пешниҳод нагардидани ҷавоби мусбӣ ва ё манфӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун ҷавоби мусбӣ қабул намудани ин амалро роҳандозӣ менамояд.
Боз як принсипе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, ин дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷорӣ намудани низоми “равзанаи ягона” барои қабул ва баррасии муроҷиат оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ҷой додани намунаҳои электронии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар сомонаи интернетии равзанаи ягона мебошад, ки Муассиса дар ин ҷода фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Бо мақсади ба таври электронӣ ҷамъоварӣ, таҳлил, ба низом даровардан ва пешниҳоди босифату саривақтии маълумот Муассиса дар ҳамкорӣ бо филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” ба шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот ба шабакаи корпоративии VPN канал ва ADSL–модем пайваст гардида, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои кадастр ва мониторингро тариқи шабакаи интернетӣ ба нақша гирифтааст.
Амали мазкур сатҳу суръати қабулу коркарди маълумот, таҳлилу арзёбии онҳоро ба маротиб афзун намуда, дар ин замина арзёбӣ ва пешниҳоди маълумоти заруриро оид ба ин ё он паҳлуҳои амалигардонии равзанаи ягона сифатан беҳтар менамояд. Семинар-машварат «Татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ»
Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз бисёр ҷиҳат дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама дар мақомоти маҳаллии шаҳрсозӣ сурат мегирад. Дар ин низом Муассиса метавонад ҳамчун ҳамоҳангсози муносибатҳои субъектҳои иштирокчии раванди амалигардонии равзанаи ягона бо сохторҳои мазкур фаъолият намуда, дар асоси муроҷиати дилхоҳ иштирокчии ин раванд ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта мусоидат намояд. Аз ин рӯ ҳамкорию мубодилаи иттилоъ дар фаъолияти муштараки Муассиса, мақомоти маҳаллӣ ва дигар субъектҳои сохтмонӣ, пеш аз ҳама ширкату ташкилотҳои сохтмонию лоиҳакашӣ барои пешбурди самараноки равзанаи ягона басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар анҷоми баромади худ А.Сафарзода аз ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи имруза хоҳиш намуд, ки ҷиҳати ҷамъ овардани маълумоти зарурӣ оиди арзёбии раванди амалигардонии равзанаи ягона, кадастр, мониторинги шаҳрсозӣ, муайян намудани мушкилот ва хатарҳои мавҷуда, такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои муштарак ва дигар масъалаҳои соҳа бо Муассиса ҳамкорӣ намоянд.
Дар семинар ҳамчунин Сардори Раёсати шаҳрсозии Кумита Файзулло Искандаров ва Директори КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” Улуғбек Умаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Д.Нурзода,
мухбири “Рӯзномаи бинокорон”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво