24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8688
Сардори Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказии
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
[/center]
Раёсати шаҳрсозӣ дар сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Кумита ва Низомномаи Раёсати шаҳрсозиро ба роҳбарӣ мегирад ва дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шаҳрсозӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи Кумита сиёсати соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозиро тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита амалӣ мегардонад. Шумораи воҳидҳои кории Раёсати шаҳрсозӣ аз 8 (ҳашт) нафар, сардори Раёсат, 1 (як) сармутахассис, 3 (се) мутахассиси пешбар ва 3 (се) мутахассис иборат мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти Раёсати шаҳрсозӣ
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, сохтмони иншоотҳо, бунёди шаҳрҳо ва деҳаҳои аҳолиниш, таҳия, таъсис ва инчунин кадастри шаҳрсозӣ;
- баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва тахассусии мутахассисон дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ташкили бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар;
- дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои Кумита; - таҳияи барномаҳои давлатии меъморӣ ва шаҳрсозӣ консепсия ва лоиҳаҳо дар асосӣ тадқиқотҳои илмӣ;
- таҳияи барномаҳо бо назардошти рушди ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин дар таҳия ва татбиқи дурнамо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи барномаҳо барои пешбурди сиёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва мувофиқа кардани санадҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
- омода ва пешниҳод намудани лоиҳаю ҳуҷҷатҳои ба Шурои шаҳрсозии Кумита баррасишаванда;
- пешниҳод намудани лоиҳаҳои ангорӣ ва кории ба Кумита ворид шаванда ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ;
- таҳлили ҳамасолаи фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумита дар асоси фаъолияти онҳо;
- таҳлил ва назорати фаъолияти корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш”-и Кумита дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- таҳлили фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ»-и Кумита дар асоси фаъолияти он;
- назорати нақшаи давлатии ташкили комплексӣ-ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи ташкили комплексӣ-ҳудудии вилоятҳо ва воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ, Нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
- иштироки фаъолонаи кормандони Раёсат дар гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳое, ки аз ҷониби Кумита ташкил карда мешавад;- натиҷагирии фаъолияти Раёсат, Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» ва пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумита;
- ҳар се моҳа натиҷагирии фаъолияти мақомотҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- таҳияи таклифу пешниҳодҳо доир ба мукаммал гардонидани санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- таъмини баррасии саривақти ва пурраи дархосту супоришҳои мақомотҳои болои ва муроҷиати шаҳрвандон;
- гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои системаи Кумита ва воҳидҳои сохторӣ оид ба соҳаи шаҳрсозӣ;
- гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ мегардонад.
Ҳуқуқҳои Раёсати шаҳрсозӣ
- дар пешбурди сиёсати Кумита оиди амалӣ гардидани барномаҳои тарҳрезии Нақшаҳои генералӣ пешниҳоду баррасии онҳо фаъолият менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи Кумита заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташкилотҳои илмӣ ва лоиҳакашӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои Кумита бе мамоният амалӣ намудани назорат дар сохтмони иншоотҳои муҳими бунёдшаванда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои аҳолинишин;
- дар гузаронидани тендеру озмӯнҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, конгрессу конфренсияҳо, семинару намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳои Кумита иштирок намояд;
Ҳамзамон, Раёсати шаҳрсозӣ ҳуқуқ дорад, дар вақтҳои муайяншуда ва зарурӣ оиди фаъолияти Раёсату шӯъбаҳо ва ташкилоту корхонаҳои системаи Кумита ва дигар корхонаҳои соҳаи сохтмонӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ гузоришу пешниҳодҳо ва натиҷагирӣ намояд. Телефонҳои кории Раёсат: 223-18-82; 223-07-74 ва 221-89-94. Суроғаи электронӣ: r2230774@mail.ru




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво