24 сентябр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТ!

273
Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳии ҳадафҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳим ва фаъолияти минбаъдаи Кумита дар доираи дастуру супоришҳои сарвари давлат бо иштироки вакилони МН МО ҶТ ва кормандони дастгоҳи марказию зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷамъомад доир гашт.
ПАЁМ - РОҲНАМОИ  МИЛЛАТ!
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол - Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар сухани ифтитоҳӣ ба хусусиятҳои хоси Паём, аз ҷумла масъалаҳои бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва ғайра ишора намуд. Бо натиҷагирӣ аз дастуру супоришҳои сарвари давлат зикр карда шуд, ки бояд дар бахши меъморӣ ва сохтмон барои сохтани иншооту биноҳои нав бо риояи талаботҳои меъморӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Илова бар ин ёдрас шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар доираи он ба ободу зебо гардондани кучаву хиёбонҳо ва гулгаштҳо эътибор дода шавад.
- «Кормандони Кумита ин супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи корҳои минбаъдаи худ дониста, барои иҷрои онҳо саъю кушиш менамоянд» - гуфт Аҳмадзода Ҷамшед.
Аз ҷумла зикр гардид, ки истифода намудани гӯшаҳои зебоманзари мамлакатамон баҳри тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мақсадҳои аввалиндараҷаи кишварамон дар соли 2018 мебошад. Ва эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонад ба пешрафти устувори кишвар замина гузорад. Дар идома Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед чунин қайд намуд:
-«Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», тасдиқи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қарору қонунҳои соҳавӣ баёнгари он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат назаррас буда, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии давлату ҳукумат ба ин самт равона шудааст».
ПАЁМ - РОҲНАМОИ  МИЛЛАТ!
Дар идомаи суханронӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол аз машҳуртарин ҳунарҳои мардумии тоҷик мисли абрбандӣ, абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, бофандагӣ, гаҳворасозӣ, гилембофӣ, дегдонсозӣ, кафшдӯзӣ ва ғайраҳо ёдовар шуда, боз ҳам хубтару бештар омӯхтан ва пажӯҳишу ташвиқи онҳоро вазифаи ҳар соҳибватан арзёбӣ кард.
-«Бояд қайд кард, ки дар соҳаи бинокорӣ низ чандин ҳунарҳои мардумӣ ба монанди гаҷкорӣ, шишагарӣ, канаббофӣ, кандакорӣ, кошинкорӣ, наққошӣ, оҳангарӣ, рехтагарӣ, чӯянгарӣ, дуредгарӣ ва ғайраҳо мавҷуданд, ки метавон онҳоро имрӯз эҳё карда истифода бурд. Албатта, ба ин ҳунарҳо ва касбу кори мардумӣ таваҷҷуҳ бояд кард, ки онҳо оинаи бозгӯяндаи рӯзгори тоҷикон аст» - ҷамъбаст намуд Ҷамшед Ҷалол.
Саидов Ҷамшед вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиву иттилоот дар навбати худ баромад намуда, гуфт, ки “дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нав ба Парлумони мамлакат ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат намудани Президенти кишварро яке аз рукнҳои муҳими давлатдории демократӣ арзёбӣ кард.
Саидов Ҷамшед шаш бахши асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – таҳлили равандҳои минақавию байналхалқӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, яъне масъалаҳои сиёсати хориҷии кишвар, таҳлили вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат ва бахшҳои масъалаи таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир ва ниҳоятан воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва вазифаҳо барои соли ояндаро ба ҳозирин шарҳ дод.
ПАЁМ - РОҲНАМОИ  МИЛЛАТ!
Ба андешаи ӯ Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун санади ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Дар меҳвари Паём масъалаҳои асосии зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як фарди ҷомеа қарор гирифтааст. Ҳаминтавр, Паём бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба пуррагӣ инъикос менамояд.
ПАЁМ - РОҲНАМОИ  МИЛЛАТ!
Вакили дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумитаи оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва милератсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович зикр намуд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат ба мардум аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияи миллии рушд – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти камуникатсионӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ иборат аст. Ҷавҳари Паёми ҳарсолаи сарвари давлатро ҳамин се ҳадаф ташкил медиҳад, ки пешрафти ҷомеа, дастовардҳои истеҳсолӣ низ ба ин самтҳо нигаронида шудааст.
ПАЁМ - РОҲНАМОИ  МИЛЛАТ!
Дар фарҷоми ҷамъомад мутахассиси ҷавони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Муҳаммадиев Имомалӣ баромад намуда, оид ба ҷамъбасти Соли ҷавонон, дастовардҳои меҳнативу варзишии ҷавонони Кумита маълумоти муфассал дода, иброз намуд, ки кушишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ворид намудани суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО- ро ҷавонон якдилона дасгирӣ менамоянд.
-Тавре дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи созанда хизмат кардаанд. Мо ҷавонон низ кушиш ба харҷ хоҳем дод, ки то суннат ва анъанаҳои ниёгонмонро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳем кард,- гуфт дар анҷоми суханрониаш И.Муҳаммадиев.
ПАЁМ - РОҲНАМОИ  МИЛЛАТ!
Д.Нурзода,
Н.Раҳмат,
мухбирони “РБ”







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво