26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд

736
70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд
70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора дар иттилоияи интишорнамудаи намояндагии UNFPA дар Душанбе гуфта мешавад.

Аз ҷумла, Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба нуфуси аҳолӣ (UNFPA) бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии аҳолӣ ва бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, пешсафон ва шахсоне, ки бо мушкилоти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба раванди қабули қарорҳо машғуланд, маъракаи ҷаҳонии «Селфии норанҷӣ»-ро («Оранжевый селфи») оғоз намуд.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба ин маърака аъзои шабакаи миллии омӯзиши ҷавонони ҳамсол (Y-PEER), намояндагони Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг (ФМТК), пешсафони ҷавон ва шахсони маъруф ҳамроҳ шуданд.

Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 1,8 миллиард нафар аҳолии аз 10 то 24-сола зиндагӣ мекунанд, ки чоряки аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳ аз наврасон (10-19 сола) ва ҷавонон (15-24 сола) иборат аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво