Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» 27 сола шуд
16099
Имрӯз, 22 июл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» 27 сол сипарӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди равшанфикрони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон»-ро қабул намуд. Бо қабули ин қонун ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, дар тамоми вазорату идораҳои кишвар коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ки баъд аз 20 соли қабули қонуни мазкур соли 2009 ин қонун дар таҳрири нав бо номи «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ба феҳристи ҷашнҳои миллии кишвар ворид карда шудааст. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани он вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |