27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дилшод Восиев бори сеюм беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон дониста шуд

705
Дилшод Восиев бори сеюм беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон дониста шудДилшод Восиев, ҳамлагари бомаҳорати дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори сеюм беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон дониста шуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар бозие, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, Дилшод Восиев тавонист се гол ба ҳадаф расонад. Натиҷаи мазкур ӯро дар пойгаи нишонзанӣ аз ҳамдастааш Манучеҳр Ҷалилов пеш гузаронд.

Дилшод Восиев дар мавсими имсолаи Чемпионати мамлакат бо 16 тӯби ба ҳадафрасонидааш беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ӯ қаблан солҳои 2012 ва 2014 беҳтарин нишонзан гардида буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво