Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон»

Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон»


Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон»
Дилбар ТАБАРОВА,
сармуҳаррири «Рӯзномаи бинокорон»

Рӯзномаро аз давраҳои ба миён омадани нахустин нашрияҳои оммавӣ чунин як унвони ифтихорӣ дода буданд. Воқеан, вақте ки мо рӯзнома мегӯем, чиро дар назар дорем?

Пеш аз ҳама, номаҳои ҳар як рӯзро, ки дар бораи рӯйдодҳои ба вуқӯъ пайвастаи як шаҳр ё як кишвар дарак медиҳад – ҳам аз боби сиёсат, ҳам иқтисод, ҳам маънавиёт, фарҳангу ҳунар, варзиш ва ғайра. Рӯзномаҳои ҷиддии ҳаррӯза бошанд, натанҳо хабарҳои муҳимтаринро паҳн мекунанд, балки дар бораи ин ё он тамоили рӯзгори ҷомеъа – сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мақолаҳои таҳлилӣ пешниҳод мекунанд, барои ҳалли ин ё он масъала дархостҳои мутахассисонро дарҷ намуда, дар ҳалли онҳо саҳм мегузорад. Матбуоти давра ба ин маънӣ на танҳо ба кори саривақт огоҳ кардани омма аз масоили доғ машғул аст, балки барои кушоиши мушкилоти мавҷуда даст мезанад…

«Рӯзномаи бинокорон» низ маҳз ба хотири инъикоси навигариҳои соҳаи сохтмон, ки бахшҳои гуногунро касб намудааст, таъсис ёфта, ба мӯҳлати начандон зиёди нашр нигоҳ накарда, метавон гуфт, ки аллакай доираи хонандагону мухлисони худро пайдо намудааст.

Тоҷикистони имрӯзаро агар аз тайёра назар андозӣ, як лавҳаи хушобуранг, чун як харитаи басо устокорона кашидаи мъмори хушзавқу моҳир ба чашм мерасад. Дар ин харита нуқтаҳои сохтмонҳои азими нерӯгоҳҳои обӣ мисли – Роғун ва Сангтӯда, роҳҳои васеъи мошингарди байналмилалӣ, мисли роҳи тӯлонии аз Чин оғоз шаванда ва то Бадахшону Кӯлобу Душанбе то Анзобу Чанак равандаро мебинӣ.

Шаҳру деҳоти ба таври замонавӣ қоматкашида, иморатҳои хурду бузурги маишӣ-маданӣ, донишкада, мактабҳою табобатхонаҳо, варзишгоҳҳои нав.

Хуллас, ин манзара ҳар як бинандаро, ки дар дил нисбат ба хоки ниёгон меҳре дорад, наметавонад ором гузорад… Кист, ки ин кӯҳанкишварро бо арақи ҷабину обилаи даст ободу зеботар мегардонад?

– Бинокор!

Маҳз бинокор аст, ки фардои орзуҳоро имрӯз дар амал ҷорӣ менамояд, тасвири зоҳиран хушки тарроҳиро ба боғи хурраму шаҳри ободон табдил медиҳад, дар чеҳраи аз алами бехонагӣ пажмурдаи одамон гули шодӣ мешукуфонад, роҳи дуру дарозро наздик месозад, дӯст, хешу ақрабои дар ғарибӣ афтодаро паҳлӯи ҳам меорад, кӯҳро ба кӯҳ, одамро ба одам мерасонад.

Оё хубтару пурфайзтар, бобаракату сафобахштар аз он метавонад ҳунаре, касбе дар олам бошад? Магар ки деҳқон!

Ана ҳамин, шахси Бинокори ободкор аст қаҳрамони асосии очерку репортаж, хабарҳои наву тозаи саҳифаҳои «Рӯзномаи бинокорон».

Дар синаи мо, рӯзнома­нигорони ин нашрия қалби бинокор, бо ҳамон меҳру муҳаббати созандагони ҷомеаи нав тапидан дорад.

Хишти мо сухани мост ва мо онро мисли бинокори пухтакор бояд ба хотири ободии мулк истифода барем. Панди пиронро набояд фаромӯш кард:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ!


Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон»

Қиссаи Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез дар ёдатон ҳаст?

Рӯзе Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз паҳлуи майдончае мегузашт ва дид, ки хиштрезе бо завқи баланд шеър хонда, хиштҳои хомро аз қуттӣ ба рӯи замин барои хушконидан холӣ карда, паи ҳам мечинад. Шоир аз овозу шавқи ба меҳнат доштаи хиштрез хурсанд шуду ба сурудаш эътибор дод – коргар як ғазали ӯро мехонд, вале ғалат мехонд. Хоҷа Ҳофиз ҳам гӯё ба ин кори ношоистаи хиштрез ҷавоб мегардонда бошад, рӯ-рӯи хиштҳои нав аз аз қолаб фаромада пой ниҳода рафтан гирифт. Хиштрез аз ин кори вай ба ғазаб омаду ӯро девона хонд. Шоир дар ҷавоб гуфт:

– Девона туӣ, ки ғазали ба хуни дил иншо кардаи маро ғалат мехонӣ. Шикастани хиштҳо аз ҷониби ман ҷавоб аст бар ғалат хондани шеъри ман аз ҷониби ту.

Хикмат: Ба қадри заҳмати дигарон бирас, агар хоҳӣ, ки ба қадри меҳнати ту бирасанд.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво